19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия баргузор мегарданд

304
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия баргузор мегарданд31 март мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Вазири фарҳанги ФР Олга Любимова баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо имконияти ташкили маҷмӯи чорабиниҳои муштараки фарҳангиро бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин замина ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия дар соли 2022 иброз намуданд.

О.Любимова омодагиашро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманди дуҷониба барои истифода ва таблиғи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон ва Русия изҳор дошт.

Д. Гулмаҳмадзода бо қаноатмандӣ аз пешрафти равобит миёни ду кишвар дар соҳаи фарҳанг изҳори умедворӣ карда, гуфт, ки табодули фарҳангӣ дар соҳаи санъати касбии театрӣ, мусиқӣ ва бадеӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт. Дар зимн, зарурати баргузории намоишгоҳҳои осори санъати муосир, сафарҳои ҳунарии ҳайатҳои мусиқӣ ва театрии ҳарду ҷониб ба кишварҳои ҳамдигар, инчунин иштирок дар чорабиниҳои мухталифи байналмилалии фарҳангӣ таъкид гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Русия




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво