АЗ «КУЛЧАГАЗОН» ТО СИПАРИ ТОҶИКИСТОН. Ҷавонони шаҳри Турсунзода ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардиданд
218
Зимни ҳамоиши тантанавӣ дар шаҳри Турсунзода ба муносибати сафарбар намудани зиёда аз сад нафар ҷавонон-ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гурӯҳ ҷавононе, ки дар Ташкилоти мададгори мудофиа курсҳои ронандагӣ омӯхта буданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд, иттилоъ дод котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ҳамзамон намоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ ба маъракаи гусели наваскарон шукӯҳи идона бахшида, бо анъанаи «Кулчагазон»-у дуои неки модарон, ки ҷавонони навдаъват минбаъд ҳомию сипари боэътимоди Ватан гарданд, онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз дошт, ки «хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар ҷавон мебошад». Модари яке аз даъватшавандагон Дилбар Салоҳова гуфт, ки «барои мо, модарон ҳамеша сулҳу амонии мамлакат зарур аст. Таъмини ҳаёти осоишта бар дӯши Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Мо ба матонату далерии афсарону сарбозони шуҷои Ватан эътимод дорем. Ман ифтихор мекунам, ки имрӯз фарзандам ба сафи муҳофизони Ватан пайваста, қарзи фарзандиро дар назди Модар-Ватан иҷро менамояд. Боварӣ дорам, ки давоми ду сол дар ин мактаби мардонагӣ аз лиҳози сиёсӣ, ҳарбию ҷисмонӣ ва ҷасорату матонат обутоб ёфта, дар оянда низ ба халқу Ватани азиз сарбаландона хизмат менамояд». Беҳрӯзҷон Гулови навдаъват зикр намуд, ки «ман дар сафи Артиши миллӣ хизмат намуданро шарафу ифтихор медонам. Аз ҳамаи ҷавонон даъват менамоям, ки ба сафи ихтиёриён барои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳ шаванд, зеро Ватан номуси инсон ва ҳадяи раббонист». АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |