27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Тоҷикобод ҷиҳати сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши тарғиботӣ гузаронида шуд

250
23 сентябр дар ноҳияи Тоҷикобод барои сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ҳамоиши тарғиботию омодагӣ ва ҳамзамон дар бинои фарҳанг мулоқоти роҳбарони ноҳия бо ҷавонони синни даъватии солҳои таваллуди 1994-2003 доир гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ медиҳад.

Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода зикр намуд, ки «хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар фарди Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳифзи марзу бум барои ҷавонон вазифаи муқаддас аст. Ҷавонон бояд ин муқаддасотро мисли гавҳараки чашм нигоҳ доранду барои ҳифзаш ҳамеша омода бошанд».

Мавсуф иброз дошт, ки имрӯзҳо ҷавонони ноҳия дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сари баланд адои хизмат менамоянд. Ин аст, ки аксари онҳо сазовори ҳурмату эҳтироми баланд гардида, бо медал ва Раҳматномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд.

Инчунин ба ҳамаи падарону модарон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ки чунин фарзандони боғуруру ватандӯстро бо меҳру муҳаббати самимӣ тарбия намудаанд ва онҳо имрӯз бо амри дил барои хизмати Ватан-Модар ҳозир гаштаанд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия миннатдорӣ баён гардид.

Зикр шуд, ки аз ҷониби роҳбарони ноҳия барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ҷиҳати дар оянда ба касбомӯзӣ фаро гирифтани онҳо замина фароҳам оварда шудааст. Зимни ҳамоиш ба ҷавонон барои ба Комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудану ихтиёран азми хизмат карданашон ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.

Ҷавонон дар навбати худ ваъда доданд, ки хизмати Модар –Ватанро софдилонаю поквиҷдонона адо менамоянд.

Сипас ҷавонони даъватшуда аз муоинаи тиббӣ гузашта, шахсони солим барои дар рӯзи аввали даъват ҳозир шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ номнавис гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соле ду маротиба маъракаи даъвати ҷавонписарони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ доир мегардад. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳо барои давраи даъвати тирамоҳӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷараён доранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво