28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вохӯрӣ бо аскарону афсарон

1145
 Вохӯрӣ бо аскарону афсарон  10 феврал дар шаҳри Ваҳдат миёни аскарону афсарон ва ҷавонони синни то даъватӣ бо иштироки масъулини бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва кормандони ҷамоати деҳоти Чӯянгарон вохӯрӣ доир гардид.
Тавре аз Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат хабар доданд, зимни баргузории чорабинӣ аз ҷавонони синни то даъватӣ ва падару модарон даъват ба амал оварда шуд, ки барои ба Ватан хизмат кардан ва ҳифзи марзу буми кишвар, ихтиёран ба сафи қувваҳои мусаллах дохил шаванд ва падару модарон фарзандонро дар роҳи дӯст доштани Ватан тарбия намоянд. Инчунин аскарон низ дар навбати худ аз ҳаёти аскарӣ қиссаҳо карда, ҷавононро ба хизмат кардан далолат намуданд.
Зиёда аз 10 нафар ҷавонон иброз доштанд, ки бо ихтиёри худ ба хизмати Ватан мераванд ва омодаанд, ки марзу буми кишварро мардонавор ҳимоят кунанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво