26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Хатлон: Фаро гирифтани беш аз 1000 нафар ҷавони довталаб ба сафи ҚМ ҶТ ба курсҳои омӯзишии ройгон

255
Дар доираи қарори раиси вилояти Хатлон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020», тобистони соли ҷорӣ беш аз 1200 нафар ҷавонони вилоят аз курсҳои ройгони омӯзишии ронандагӣ, кафшергарӣ, ошпазӣ, асосҳои компютерӣ ва ғайра гузашта, соҳиби гувоҳномаҳо хоҳанд шуд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» аз натиҷаи ҷаласаи доиршуда дар ин мавзӯъ хабар доданд.

Дар рафти ҷаласа вобаста ба мавзӯи мавриди назар, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қарорҳои батасвибрасида, аз ҷумла «Дар бораи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2020-и шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ» ва «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020»-ро шинос намуда, қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ, раёсатҳои маориф ва фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радиои вилоят, комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, дигар ташкилоту идора ва сохторҳои мақомотҳои дахлдор хизмати ҳарбиро дар сафи ҚМ ҶТ ҳаматарафа тарғиб ва тавассути ВАО инъикос намоянд.

Дар рафти муҳокимаи мавзӯъ таъкид гардид, ки дар даъвати баҳории соли 2020, аз ҷумлаи ҷавонони вилоят, ки ба сафи артиши миллӣ пайвастанд, 274 нафар дорои маълумоти олӣ ва 21 нафар бо маълумоти миёнаи махсус буданд. 30,7%-и ҷавононе, ки ба қисмҳои низомӣ барои адои хизмат фиристода шуданд, мутахассисони соҳибкасб, аз ҷумла ронандаҳои нақлиёт, устои компютер, кафшергар, ошпаз, барқчӣ, сартарош ва ғайра мебошанд.

— Аз тарафи комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи ҳарбӣ дар ташкилотҳои мададгори мудофиаи шаҳру ноҳияҳо курсҳои ронандагӣ ташкил карда шуд, ки онро 863 нафар ҷавонписарон бо ихтисоси ронандагӣ хатм намуда, ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гардидаанд, — таъкид намуд У.Солеҳзода, комиссари ҳарбии вилояти Хатлон.

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Комиссариати ҳарбии вилоят, Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мадагори мудофиаи Хатлон ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят вазифадор карда шуданд, ки дар якҷоягӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор доир ба гирифтани ихтисос аз тарафи даъватшавандаҳо ва беҳтар намудани сифати интихоби онҳо ба таълимгоҳҳои соҳавӣ, корҳои ташвиқотиро вусъат диҳанд.



Матолиби ҳамсон

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво