23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Норак наваскаронро тантанавор ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд

164
1 апрел дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи даъватшаванда — даъвати баҳории наваскарон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо иштироки раиси шаҳр Дилшод Асозода, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони корхонаю муассисаҳо ҷамъомади бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.

Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод зимни суханронӣ ба наваскарон барои хизмати хубу софдилона ба Модар-Ватан барору комёбӣ таманно намуданд.

Таъкид гардид, ки дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбии мамлакат беҳтару хубтар мегардад.

Дар маросими гусел падару модарони наваскарон, ҷанговарони башардӯст, собиқадорони меҳнат иштирок ва суханронӣ намуданд.


Ҷавононе, ки барои адои хизмати Модар-Ватан дар даъвати баҳорӣ ихтиёран ба Комиссариати ҳарбии шаҳр омада буданд, онҳо бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши ронандагӣ фарогирифта шуда буданд.

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Норак ҷиҳати дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон хоса насли ояндасози мамлакат пайваста чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ доир карда мешавад.

Дар ҷамъбаст барои болидаруҳӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги шаҳри Норак барномаи рангини консертӣ иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона пешниҳоди иштирокдорон гардид.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво