20 июн 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ҶОН БА РАҲИ ВАТАН НИСОР МАН НАКУНАМ, КӢ МЕКУНАД?!». Ноҳияи Фархор даъвати баҳориро анҷом дод

190
«ҶОН БА РАҲИ ВАТАН НИСОР МАН НАКУНАМ, КӢ МЕКУНАД?!». Ноҳияи Фархор даъвати баҳориро анҷом додДар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҷавонони синни даъватӣ ба хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ гусел карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар маъракаи гусел Раиси ноҳияи Фархор Зариф Вализода, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, намояндагони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва волидони даъватшавандагон иштирок карданд.

Аксари даъватшудагон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ихтиёран ҳозир шуда, зикр доштанд, ки барои дифои марзҳои Ватани худ ҳамеша тайёранд.

Зимнан зикр гардид, ки нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Фархор иҷро шуд.

Маросими даъвати наваскарон бо барномаи консертӣ ва тақдими туҳфаҳои хотиравӣ анҷом ёфт.

Бояд зикр намуд, ки хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Артиши миллии мамлакат дар тӯли мавҷудияти худ дар таҳкими суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши назаррас дорад.

АКС: МИҲД н. Фархор




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво