26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Корхонаи давлатии таъминот ва савдои китоби ҷумҳурӣ ба китобхонаи шаҳри Хоруғ асарҳои тозанашр супурд

960
Корхонаи давлатии таъминот ва савдои китоби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхонаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон садҳо китобҳои илмию оммавӣ тақдим мекунад. Ин иқдом дар пайдо намудани китоби дилхоҳ ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни донишгоҳи олӣ ва коллеҷҳо мусоидати бештар менамояд.
Дар оғози соли нави мелодӣ ин корхона кумаки навбатии худро аз китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ оғоз кард. Мудири китобхонаи мазкур Гулшод Раҳматхудоева аз пешниҳоди ин туҳфаи гаронарзиш ба роҳбарияти корхонаи мазкур изҳори сипос намуда, баён дошт, ки бо илова гардидани ин асарҳои нав шумораи китобҳои китобхона ба 333 ҳазор нусха расид.
Дар баробари асарҳои илмию бадеӣ бо хоҳиши маъмурияти китобхона имсол китобҳои дарсӣ низ дастрас гардиданд. Зеро бисёре аз хонандагон мехоҳанд масъалаҳои математикиро дар толори хониш ҳал намоянд ва ё дар атрофи вазифаи хонагӣ оид ба забону адабиёт баҳсу мунозира кунанд. Қаблан бо сабаби мавҷуд набудани китобҳои дарсӣ онҳо ин имкониятро надоштанд, аммо акнун барояшон чунин шароит фароҳам оварда шуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво