Дар Китобхонаи миллии Туркия гӯшаи Тоҷикистон таъсис ёфт
1190
Ҳафтаи равон дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара вохӯрии Сaфири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо мудири Китобхонаи миллии Туркия Зулфӣ Томан баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо имконияти ба имзо расонидани Протоколи ҳамкорӣ байни китобхонаҳои ду кишвар матраҳ намуда, масъалаҳои мубодилаи таҷриба ва маълумот, омода намудани мутахассисон, ба роҳ мондани тарҷумаи асарҳои адабии шоирон ва нависандагони ду кишвар, ташкил кардани чорабинии фарҳангӣ бо намоиши китобҳо, эҷодиёт ва ҳунари санъати миллии тоҷикӣ дар толори Китобхонаи миллии Туркия ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи маорифу фарҳанг мавриди баррасӣ қарор доданд.
Фаррух Шарипов ба Китобхонаи миллии Туркия як силсила китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва китобҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсати хориҷии давлатро тақдим намуд. Ба муносибати тақдими китобҳои мазкур дар Китобхонаи миллии Туркия гӯшаи Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки он ба ҳамаи хонандагон барои шиносоӣ бо кишвари мо дастрас мебошад. Китобхонаи миллии Туркия соли 1946 таъсис ёфта, ҳоло дорои 4 миллион китоб, 9 миллион китоби электронӣ, 28 ҳазор дастнавис, 1 миллион кори илмӣ-тадқиқотӣ ва 3 ҳазору 500 маҷалла аст. Китобхонаи мазкур узви Конфронси китобхонаҳои миллии Аврупо мебошад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |