Наврасону ҷавонон ба китобхона ва китобхонӣ ҷалб мешаванд
1137
Дар китобхонаи марказии ба номи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Норак семинари омӯзишии китобдорон таҳти унвони-«Нақши китобхона ва китобдор дар баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа ба воситаи китоб» баргузор гардид.
Семинар бо мақсади ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба китобу китобхона, тарғибу ташвиқи мероси гаронмояи фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои тозаи илмӣ-техникӣ дар байни онҳо, тарбияи ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии насли наврас гузаронида шуд. Тавре ки Тӯтинисо Юсупова, роҳбари Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин иттилоъ дод, дар давраи омӯзишӣ 40 нафар китобдорони китобхонаи марказӣ ва мудирони китобхонаҳои деҳоту шаҳри Норак ширкат варзиданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |