18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар давоми 60 соли фаъолият дар ДТТ 396 нафар докторону номзадҳои илм омода гардидаанд

960
Дар соли равон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) ба номи академик М. Осимӣ 774 адад корҳои илмию методӣ, аз ҷумла 11 монография ва 19 китоби дарсӣ, 141 дастури таълимию методӣ, 603 мақолаю фишурдаи маърӯзаҳо нашр шудаанд, ки ин нисбат ба соли 2015-ум 10,9 % зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз дар нишасти матбуотии донишгоҳи мазкур аз ҷониби роҳбарияти ин муассиса гуфта шуд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар давоми 35 соли аввал дар донишгоҳ 240 нафар омӯзгорони унвондор кор мекарданд, ки аз онҳо фақат се нафарашон доктори илм буданд. Танҳо дар тӯли 25 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ 42 омӯзгори донишгоҳ рисолаи докторӣ ва 167 нафари дигар рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намудаанд. Танҳо дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби устодон 1 нафар рисолаи докторӣ ва 15 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд.
Агар таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти илмии омӯзгорони донишгоҳро таҳлил намоем, маълум мегардад, ки дар давоми 60 соли фаъолият 396 нафар докторону номзадҳои илм омода гардидаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво