27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ раванди татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд

163
Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ раванди татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд15 феврал мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Мудири минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Кассандра Колберт баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти Корпоратсия дар Тоҷикистон, раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак, густариши ҳамкории баъдӣ дар соҳаи сайёҳӣ, нассоҷӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 11 ноябри соли 2021 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Созишнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҳадафи созишнома — беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба сармоягузорон, баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, нассоҷӣ ва дастрасӣ ба бозор, беҳтар намудани низоми санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ, инчунин ҷорӣ намудани низоми электронии хизматрасониҳо барои соҳибкорон, хусусан махзани ягона оид ба санҷишҳо ва иҷозату иҷозатномаҳо мебошад.

Зимни татбиқи ин санад Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ бо мақомоти соҳавӣ, аз ҷумла Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноати нассоҷӣ ва дастрасӣ ба бозор, беҳтар намудани низоми санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ, инчунин ҷорӣ намудани низоми электронии хизматрасониҳо барои соҳибкорон мунтазам ҳамкорӣ менамояд.



АКС: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво