25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Тоҷикистон низоми омори сайёҳӣ бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ такмил дода мешавад

157
Дар Тоҷикистон низоми омори сайёҳӣ бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ такмил дода мешавад. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи ҷамъбастии гурӯҳи корӣ оид ба такмили омори сайёҳӣ, ки бо иштироки коршиноси Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ /СҶС/ баргузор гардид, баррасӣ шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода изҳор намуд, ки ҷиҳати такмили омори сайёҳӣ Кумита ҳамкориро бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тақвият дода, дар оянда бо кумаки техникии Бонки Осиёии Рушд ва ҷалби коршиносони Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ низоми ёридиҳандаи омори сайёҳӣ TSA (Tourism Satellite Account) ҷорӣ карда шавад. Низоми мазкур қисми ёридиҳандаи низоми омори миллӣ буда, нишондиҳандаҳои соҳаро дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ муайян хоҳад кард.

Дар кори ҷаласа масъулини Агентии омор, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллӣ ва коршиноси байналмилалии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ самаранокии низоми ёридиҳандаи омори сайёҳиро матраҳ намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки аз ҷониби коршиносони Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ бо ҷалби вазорату идораҳои марбута, ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ давоми як моҳ машғулияти омӯзишӣ оид ба аҳамияти соҳаи сайёҳӣ, маркетинг ва низоми омори сайёҳӣ гузаронида шуд.

Мавҷуд будани маълумоти омории мукаммал барои сиёсати таъсирбахши давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, қабули қарорҳои дахлдор дар соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба минтақаҳои мамлакат шароити мусоид фароҳам меорад.

Таъкид гардид, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ҷалби доимии сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ дар назди Кумита гурӯҳи кории доимамалкунанда аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуд, ки вазифаи он мукаммал намудани заминаҳои меъёрии омори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар мулоқотҳои роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд низ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, такмили омори сайёҳӣ, ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ бо дарназардошти имтиёзҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат роҳандозишуда масъалагузорӣ мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво