6 октябр 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раисии Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад

57
Мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Нидерланд дар Тоҷикистон Андре Карстенс 3 феврал баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Нидерланд дар заминаҳои гуногун, натиҷаи ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ оид ба омодасозии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) дар Душанбе, аҳамияти танзими нишастҳои навбатии абзорҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ, тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар карданд.

Ҳамзамон татбиқи иқдомҳои муштарак ба ифтихори 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд, инчунин таъмини иштироки ҳайати он кишвар дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” зикр гардид.

Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор мегардад.

Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

АКС: ВКХ ҶТ



Матолиби ҳамсон

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво