26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №173 ба истифода дода шуд

321
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №173 ба истифода дода шуд
20 ноябр дар деҳаи Ҷомии Ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №173 ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи бинои мазкур муовини Вазири маориф ва илм Гулчеҳра Ғанизода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода, сардори раёсати маорифи ноҳия, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Зикр шуд, ки бинои иловагии муассисаи таълимии мазкур бо дастгирии соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Меликов бунёд ёфта, дорои 8 синфхона ва толори маҷлисгоҳ мебошад ва барои 192 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода зикр кард, ки бо ташаббуси шахсони хайрхоҳу ватандӯст дар ноҳияи Рӯдакӣ биноҳои нави муассисаҳои таълимии №7, 35, 85 ва даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ бо сифати баланд бунёд ёфтанд.

«Боварӣ дорам, ки омӯзгорони таълимгоҳи №173 дар ҷавоби ин ғамхориҳо пурмаҳсул меҳнат мекунанд, сифати кори таълиму тарбияро баланд мебардоранд ва шогирдони сазовори давру замон тарбия карда, ба воя мерасонанд, — иброз дошт раиси ноҳия Исматзода.
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №173 ба истифода дода шуд
Дар маросими ифтитоҳи бинои муассиса инчунин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба соҳибкор Баҳриддин Меликов Сипоснома супорида шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво