12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бунёди чор муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Деваштич

1466
Баҳри шароити мусоид фароҳам овардан дар таълиму тадриси толибилмон соли сипаригашта дар ноҳияи Деваштич бо дастгирӣ ва маблағгзории Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ҳамдастӣ бо соҳибкорону сокинони ноҳия чор бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд.
Тавре аз шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич иттилоъ доданд, дар соли 2016 дар ҷамоату деҳоти ноҳия вобаста ба масъалаи сохтмон, таъмиру таҷдид ва навсозии муассисаҳои таълимӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24, деҳаи Росровут барои 640 нафар хонанда ба маблағи 16 миллиону 424 ҳазор сомонӣ қисмати аввали бинои мактаб, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и деҳаи Қалъаи Ҳоҷии Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи умумии 2 миллион сомонӣ бинои нави мактаб барои 320 нафар хонанда, дар назди муассисаи таълимии №15-и деҳаи Угуки Ҷамоати деҳоти Ваҳдат аз ҳисоби Сафоратхонаи давлати Ҷопон 8 синфхонаи иловагӣ ва 2 ҳуҷраи корӣ ва дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Муҷун биноҳои нави муассисаи таълимӣ тариқи ҳашари умумӣ ба истифода дода шуданд.
Ҳоло дар ноҳия сохтмони боз якчанд иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла дар назди Гимназияи №3-и деҳаи Далёни Боло сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ барои 120 нафар хонанда ва сохтмони толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и деҳаи Хоҷа Тоҳири Ҷамоати деҳоти Яхтан, толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Муҷун тариқи ҳашар ва навсозии 2 бинои садамавӣ ва сохтмони 1 бинои кӯдакистони №1-и маркази ноҳия ҷараён доранд.
Дар маҷмӯъ, то имрӯз дар ноҳия 74 адад муассисаи таълимӣ, аз он 63 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 гимназия, 7 муассисаи томактабӣ ва як Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият доранд.
Ҳоло бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар тамоми таълимгоҳҳои ноҳия 71 ҳуҷраи компютерӣ бо 905 адад компютер, 162 адад принтер, 30 адад сканер ва 19 адад таҷҳизоти нусхабардорӣ муҷаҳҳаз мебошанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво