29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич бинои иловагии таълимӣ ба истифода дода шуд

126
Дар деҳаи Басмандаи Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 мавриди истифода қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Бинои иловагии мактаб, ки сохтмони он дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда буд, ба тариқи ҳашар ва дастгирии соҳибкорону саховатмандон бунёд гардид.

Бинои мазкур аз 8 синфхонаи иловагӣ ва маҷлисгоҳ иборат буда, барои 200 хонанда пешбинӣ шудааст. Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ 1 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Аҳли деҳа ва шахсони саҳоватпеша, аз қабили Ҳайитбой Юсуфов, Акрам Акрамов, Бобоҷон Бобоев, Мирҳомид Комилов, Акрам Ҳалимов дар бунёди ин бино саҳми арзанда гузоштанд. Дар бунёди синфхонаи иловагӣ инчунин омӯзгорони муассисаи таълимӣ фаъолияти назаррас нишон доданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво