20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бунёди мактаби нав дар деҳаи Хоҷабулбулон

789
Дар деҳаи Хоҷабулбулони ҷамоати деҳоти Эсанбои ноҳияи Рӯдакӣ бо маблағгузории Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави муассисаи таълимии дорои 120 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд.
Дар маросими кушодашавии муассисаи таълимӣ Сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока зикр намуд, ки барои сохтмони бинои мактаби мазкур ҳукумати Япония ба маблағи 83 ҳазору 26 доллари ИМА грант ҷудо намуда, ҶДММ «Интеграл» сохтмони онро ба уҳда дошт.
Муассисаи нави таълимиро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо мизу курсӣ, воситаҳои айёнии таълим ва дигар лавозимоти замонавии мактабӣ муҷаҳҳаз гардонидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки куҳнаю фарсуда гардидани бинои мактаби рақами №29 –и деҳаи Хоҷабулбулон, ки солҳои 1953 бе пойдевор сохта шудааст, нарасидани ҷойи нишаст барои хонандагони мактаби деҳаи мазкурро ба миён оварда буд. Хушбахтона бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва кумаки бебозгашти ҳукумати Япония сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муаассисаи замонавии таълимӣ мушкили хонандагони деҳаи Хоҷабулбулони ноҳияи Рӯдакиро осон намуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво