26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Бохтар доир ба сайёҳии ҷамоавӣ ҳамчун самти афзалиятноки рушди соҳа дар Тоҷикистон машварат доир шуд

142
«Сайёҳии ҷамоавӣ ҳамчун самти афзалиятноки рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти ин унвон 11 ноябр дар шаҳри Бохтар машварати омӯзишӣ доир гардид.

Ҳамоиш бо ташаббуси шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ташкил гардида, дар он намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони гуногункасб иштирок намуданд.

Дар машварат муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода ба таври маҷозӣ тариқи барномаи Zoom дар бораи вуҷуд доштани имконияти бештари сайёҳӣ, тиҷоратигардонӣ ва тарғиби анъанаҳову ҳунарҳои мардумӣ сухан гуфт.

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон саволу ҷавоб намуда, пешниҳодҳои худро дар мавриди баланд бардоштани саёҳати ҷамоавӣ манзур намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво