19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистонро сайёҳон бо ливои миллиаш мешиносанд,-бардошт аз ҳамоиш ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ

209
Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 24 ноябр таҷлил мегардад, имрӯз дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти унвони «Парчами миллӣ — ливое, ки сайёҳони хориҷӣ Тоҷикистонро бо он мешиносанд», бо иштироки кормандони Кумита ҳамоиш доир гардид.

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Тоҷиддин Ҷӯразода зикр кард, ки Парчами миллӣ — ливоест, ки сайёҳони хориҷӣ Тоҷикистонро бо он мешиносанд ва Парчами давлатӣ ифтихор ва шарафи миллати тоҷик аст.

Зикр гардид, ки дар хатсайрҳо ва барномаҳои ширкатҳои сайёҳии ватанӣ тамошои Парчами миллӣ, ки дар маркази шаҳр — дар Боғи Парчами миллӣ воқеъ аст, ҷой дода шуда ва он таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷиро бештар ҷалб менамояд.

Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон доир ба аҳамияти Парчами миллӣ дар муаррифии соҳаи сайёҳии мамлакат табодули назар намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво