12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва Озарбойҷон ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ ва бозомӯзии мутахассисонро ба роҳ мемонанд

280
Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон Фуад Нагиев, ки дар шакли маҷозӣ доир гардид, баррасӣ шуд. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат иттилоъ медиҳад, ки ҳамчун иқдоми аввал дар самти тақвияти ҳамкорӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мизи мудаввари маҷозӣ бо иштироки ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор гардад.

Мусоҳибон доир ба тақвияти муносибатҳо дар соҳаи сайёҳӣ ҷиҳати ташкили хатсайрҳои нав, бозомӯзии мутахассисон ва пахши маълумот оид ба имконияти сайёҳии ду кишвар тавассути воситаҳои ахбори омма гуфтугуи судманд анҷом доданд.

Зимни мулоқот инчунин тақвияти заминаи меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ҳамкории тарафҳоро муҳим арзёбӣ карданд. Мавриди зикр аст, ки мулоқоти роҳбарони мақомоти сайёҳии Тоҷикистон ва Озарбойҷон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон доир гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво