7 декабр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Нақши сайёҳӣ дар муаррифии мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва зиёратӣ назаррас аст

515
7 ноябр дар шаҳри Душанбе дар заминаи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзӯи «Нақши сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва зиёратӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ» ҳамоиш баргузор мегардад. Ҳадафи ҳамоиш- муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, бархурдор шудан аз осори таърихӣ, фарҳангӣ ва рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ мебошад.

Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ҳамоиш маҳсуб меёбанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавҷудияти мероси бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон омили асосии рушди сайёҳии мамлакат эътироф шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво