15 июл 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имтиёзҳо ба намояндагиҳои ширкатҳои ҳавонавардии Тоҷикистон ва Чин

914
Парлумони Тоҷикистон 2 ноябр Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳавопаймоии гражданиро ба тасвиб расонд, ки тибқи он намояндагиҳои ширкатҳои ҳавонавардии ду кишвари ҳамҷавор- Тоҷикистон ва Чин ҳангоми ворид намудани қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар таҷҳизоти бахши ҳавопаймоӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ, андоз ва дигар пардохтҳо озод мегарданд.
Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Парлумони мамлакат гуфт, ки ҳадафи асосии Созишномаи мазкур таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Чин дар бахши авиатсияи гражданӣ буда, он соли 2007 дар Пекин ба имзо расидааст. Вазир афзуд, ки ба тасвиб расидани санади мазкур ба рушди иқтисодиёти кишвар, хусусан тавсеаи бахши туризм дар мамлакат мусоидат менамояд. Ба андешаи Шералӣ Ганҷалзода, алҳол байни Тоҷикистон ва Чин дар як ҳафта 8 парвоз аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон-Эйр», «Тоҷик-Эйр» ва ширкати ҳавонавардии Чин сурат мегиранд, ки дар интиқоли мусофирон, бор ва дигар хизматрасониҳо нақши муҳим доранд. Инчунин ба тасвиб расонидани санади мазкур аз ҷониби вакилони Парлумони Тоҷикистон дар самти ба роҳ мондани хатсайри Душанбе- Пекин асоси ҳуқуқӣ фароҳам оварда, ҷиҳати дастрас кардани таҷҳизот ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ барои ҳавопаймои сохти чинии «МА -60», ки онро Тоҷикистон аз Чин харидорӣ намудааст, заминаи мусоид фароҳам меорад.
Вазири нақлиёти кишвар ҳамзамон дар Парлумони кишвар ба саволҳои сершумори вакилон, ки фарогири бахши ҳавонавардии мулкӣ, хусусан гаронии нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар кишвар, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ бобати рушди соҳа, вазъи молиявии ширкатҳои ҳавонавардии ватанӣ буд, посухҳои мушаххас дод. Шералӣ Ганҷалзода афзуд, ки мутахассисони Вазорати нақлиёти кишвар дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои марбута вазъ ва мушкилоти соҳаи ҳавонавардии кишварро ҳаматарафа омӯхта, барои бартараф кардани он тадбирҳои самарабахш меандешанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво