29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Баррасии Лоиҳаи нақшаи генералии рушди «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»

899
Рӯнамоии лоиҳаи нақшаи генералии рушди «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дар он намояндагони Вазорати нақлиёт, «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон, ширкати «Корпорэйт Солюшнз» (Британияи Кабир), ҳамчунин намояндагон аз Бонки осиёии рушд ширкат доштанд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат иттилоъ доданд, зимни мулоқот таъкид гардид, ки таҷдиди ФБХ бо кумаки молиявии БАТР ва ҳиссаи ҶСК ФБХ ба роҳ монда мешавад. Дар доираи лоиҳа 5 сентябри соли 2014 байни фурудгоҳи Хуҷанд ва ширкати консалтингии «Корпорэйт Солюшнз» ҷиҳати таҳияи «Нақшаи генералии рушди фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» қарордод ба имзо расида буд.
Пас аз муаррифӣ ва таҳлилу баррасии лоиҳа ба Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт супориш дода шуд, то мутобиқи тартиби муқарраршуда роҷеъ ба мувофиқаи нақшаи генералӣ бо вазорату корхонаҳои марбута тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Гуфта шуд, ки Вазорати нақлиёти ҶТ ба хотири ҳамкории қавию густурда дар соҳаи маҷмааи нақлиёти кишвар ҳамеша омода аст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво