28 январ 2021, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015

1337
Имрӯз, 14 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бо сарпарастӣ ва иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» дар доираи таҷлили «Рӯзи соҳибкор» баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории Форум муаррифӣ намудани имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, навгониҳое, ки дар фазои сармоягузории мамлакат ба вуҷуд омадаанд, ба роҳ мондани ҳамкории мустақими тиҷоратию иқтисодӣ байни соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, таҳкими ҳамкории дарозмуддат ва банақшагирии фаъолияти муштараки онҳо буда, барои соҳибкорон имконияти васеъ фароҳам хоҳад овард.

Дар Форум намояндагони Ҳукумат ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Парлумони кишвар, намояндагони воломақоми ҳукуматҳои кишварҳои ҳамшарик, соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва ватанӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, олимону коршиносони варзида, дар маҷмӯъ зиёда аз ду ҳазор иштирокдор, аз ҷумла 350 ширкату сармоягузор аз 35 мамолики олам ҳузур доштанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соҳибкоронро бо таҷлили якумин солгарди Рӯзи соҳибкорон табрик намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба тақвият бахшидан ба ислоҳот барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахшҳои саноати миллӣ, навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазири ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ, рушди имкониятҳои содиротии мамлакат, мусоидат намудан ба ҷалби бештари сармоягузориҳо, дарёфти сарчашмаҳои афзалиятноки маблағгузориҳои дарозмуддат, инчунин мубодилаи иттилоот, робита ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ барои рушди ҳамкории соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ, муайян намудани самтҳо ва роҳҳои асосии васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ бо мақсади дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ ҷалб карда, тадриҷан татбиқ намудани ҳадафҳои мазкурро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим арзёбӣ намуд.

Президенти мамлакат нақши муассири бахши хусусиро дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар муҳим арзёбӣ карда, алоқамандӣ ва таваҷҷуҳи хоси худро ба таҳким бахшидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ таъкид намуд.

Ҳамзамон Президенти мамлакат ба соҳибкорону аҳли тиҷорат барои саҳми намоёнашон дар рушди иқтисодиёти кишвар, устувор намудани асосҳои иқтисодии истиқлолияти давлат, бунёди корхонаву муҳайё намудани ҷойҳои корӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, дастгирии ниёзмандон ва ободу зебо гардонидани диёри бобоӣ арзи сипос намуда, изҳори итминон кард, ки тоҷирону соҳибкорон бо дарки масъулият ва номусу шарафи ватандорӣ дар оянда ҳам дар рушду пешрафт ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ саҳми босазо мегузоранд.

Дар анҷоми мулоқот Президенти кишвар аз иштироки фаъолонаи соҳибкорон дар баррасии масъалаҳои матраҳшуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба мақомоти дахлдори марказӣ ва маҳаллӣ супоришҳои дахлдор дод. Таъкид гардид, ки ҳамаи таклифу пешниҳодҳои соҳибкорон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор мегиранд ва барои дар амал татбиқ намудани дархостҳои судбахши онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар арафаи баргузории Форуми мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра чорабиниҳо, аз ҷумла 8 октябри соли ҷорӣ мизи мудаввар оид ба рушди соҳибкорӣ байни занон, 12 октябр Форуми байналмилалӣ оид ба рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-10 октябр Анҷумани байналмиллалии иқтисодии «Иқтидори минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди минтақаҳо», аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябр Конфронси минтақавии «Имкониятҳои туристии мамлакат», аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 октябр мизи мудаввари «Саҳми бахши хусусӣ дар рушди соҳаи тандурустӣ» ва 8 октябр аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Саҳми бахши хусусӣ дар таъсиси ҷойҳои корӣ» доир шуданд






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво