14 октябр 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Пан Ги Мун

1416
Шоми имрӯз (27 сентябри соли 2015) Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар ҳошияи Саммити ҷашнии 70-солагии Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчунин бо Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот орост.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Пан Ги Мун

«Мо ба рушди ҳамкориҳо бо Созмони Милал манфиатдорем ва хоҳони онем, ки ҳамкориҳоямон дар бахшҳои стратегӣ хислати мушаххас касб намоянд”, -қайд намуд дар оғоз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Пан Ги Мун ва тамоми муассисаҳои Созмони Милал барои дастгирии ҳамешагӣ ва ҳамаҷонибаи ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба масоили об, пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, ки дар қарорҳои марбутаи Маҷмаи Умумӣ инъикос ёфтаанд ва кумаку дастгириашон дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии Тоҷикистон изҳори ташаккур намуда, бо қаноатмандӣ қайд намуд, ки "Ҳамкорӣ ва фаъолияти муштараки Ҳукумати Тоҷикистон ва агентиҳои Созмони Милал натиҷаҳои хуб дода, дар даҳсолаи охир ба коҳиши мунтазами сатҳи камбизоатӣ, ки ҳадафи рақами 1 аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аст, сабаб шудааст. Инчунин Тоҷикистон ба таъмини пурраи таълими ҳамагонаи ибтидоӣ ноил гашта, дар кишвар марги модар ду баробар коҳиш ёфтааст ва бемории вараҷа (малярия) комилан аз байн бурда шудааст".

Пан Ги Мун ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ташриф ба Ню-Йорк ва иштироки бевосита дар Иҷлосияи 70– уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид арзи сипос карда, аз таассуроти амиқи худ аз сафараш ба Тоҷикистон ёдоварӣ намуд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин бинобар натиҷаҳои дилхоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар давоми солҳои 2005-2015, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, бори дигар табрику таҳният гуфта аз татбиқи босамар ва ҷамъбасти натиҷаҳои 10 – солаи “Амалиёти байналмилалии об барои ҳаёт”, ки бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда буд, изҳори хушнудӣ намуд.

Ҷонибҳо доир ба аҳамияти рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа, пеш аз ҳама Афғонистон, татбиқи лоиҳаҳои минтақавии стратегӣ дар бахшҳои коммуникатсия ва энергетика, аз ҷумла сохтмони роҳҳои нави оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ табодули назар намуданд.

Мусоҳибон ҳамчунин доир ба тағйирёбии иқлим, зиёд шудани офатҳои табиӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, озуқаворӣ ва энергетикӣ, бемориҳои сирояткунанда, зуҳуроти терроризм ва экстремизм, амният ва ҳифзи суботи минтақавӣ, низоъҳои ҳарбӣ дар як силсила кишварҳо ва минтақаҳои олам, ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир мубодилаи афкор намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво