22 сентябр 2021, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Раисони парлумонҳои Тоҷикистону Кувайт ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд

895
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари ҳайати парлумонии кишварамон ба Давлати Кувайт бо Раиси Парлумони (Маҷлиси Умма)-и ин кишвар ҷаноби Марзуқ Алӣ ал-Ғоним мулоқот ва масъалаи тақвияти ҳамкории байнипарлумониро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.
Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз Давлати Кувайт хабар дод, ки дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои густариши ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, сохтмонӣ, туризм, башардӯстона ва фарҳанг муҳокима шуданд. “Мо аз барқарории муносибот ва тақвияти ҳамкорӣ бо Давлати Кувайт дар тамоми бахшҳо манфиатдор ҳастем ва умедворем, ки дар ин замина қадамҳои устувори худро аллакай бардоштаем”,-гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши ҳамтои кувайтии худ дар бораи фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки Маҷлиси Олии кишвари мо дорои ду палата - палатаи болоӣ ва палатаи поёнӣ мебошад. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон палатаи поёнии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доимоамалкунанда ва касбӣ буда, аз 63 вакил иборат мебошад. Дар интихоботи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ баргузор шуд, аз ҳашт ҳизби сиёсӣ намояндагони шаш ҳизб ба парлумон роҳ ёфтанд. Ҳайати даъвати навбатии Маҷлиси намояндагон нисбат ба даъватҳои гузашта дорои касбият ва дониши баланди сиёсӣ мебошанд.
Шукурҷон Зуҳуров дар бораи таҷрибаи ба дастовардаи Парлумони касбии кишварамон ибрози андеша карда, таъкид намуд, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузашти солҳо таҷрибаи қонунофаринии худро ғанӣ намуда, дар тӯли фаъолияти зиёда аз 15-солаи худ дар самти таҳия ва қабули қонуну санадҳо ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардидаанд. Санадҳои қабулнамудаи вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи коршиносон ва мутахассисони ҷаҳонӣ сазовори баҳои баланд гардида, Парлумони Тоҷикистон дар миёни кишвар ва созмонҳои хориҷӣ ҳамчун Парлумони муваффақ ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ шинохта шудааст. Дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ бо парламентҳои кишварҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд, ки ин дар таҳкими муносиботи байнипарлумонии ҷумҳурии мо бо кишварҳои хориҷӣ мусоидат мекунад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар идома изҳор дошт, ки сарфи назар аз таҷрибаи ба дастовардаи Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳия ва қабули қонунҳо Парлумони кишвари мо ниёз ба истифода аз таҷрибаи парлумонҳои кишварҳои пешрафтаи дунё, аз ҷумла парлумони Давлати Кувайтро дорад.
Шукурҷон Зуҳуров нақши парламентҳои ҳарду кишварро дар фароҳам овардани шароити мусоид ва фазои созгори ҳуқуқӣ барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф муҳим арзёбӣ намуда, ҳамчунин ба зарурати густариши муносиботи байнипарлумонии ду кишвари дӯст таъкид кард.
Мавсуф дар хотимаи суханони худ бо ишора ба захираҳои фаровони кишварамон дар заминаҳои гуногун изҳори назар карда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Тоҷикистон захираҳои фаровони моддӣ, аз ҷумла ангишт, канданиҳои фоиданок, нефту газ дорад, ки метавонад ҳамкориҳоро дар заминаи истихроҷ ва коркарди онҳо бо Кувайт , ки дар ин соҳа таҷрибаи бой дорад, роҳандозӣ намояд. Масъалаи бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент ва коркарди пахта, мева ва дигар маҳсулоти зироатӣ низ дар мадди назар қарор доранд. Дар ҷумҳурӣ сохтмони манзилҳои истқоматӣ ва маъмурӣ ҷоннок шуда, рӯз аз рӯз вусъати зиёдтар пайдо карда истодааст. Ҳамкории ширкатҳои сохтмонии ду кишвар низ аз манфиат холӣ нест.
Раиси Парлумони (Маҷлиси Умма)-и Давлати Кувайт ҷаноби Марзуқ Алӣ ал-Ғоним аз пешрафтҳои Парлумони касбии кишвари мо дар самти таҳия ва қабули қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ изҳори хушҳолӣ карда, изҳор дошт, ки Парлумони Давлати Кувайт аз 50 вакил иборат буда, хостори тақвияти ҳамкории судманд бо Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳамчун Парлумони дорои таҷрибаи мукаммал ва Ғанӣ мебошад.
Мавсуф иброз дошт, ки дар ҳақиқат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт ҳамаи имконоти ҳамкорӣ ба роҳ монда нашудааст ва мо умедвор ҳастем, ки ин равобит бо ташрифи ҳайати бонуфузи парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров ба марҳилаи нав ворид хоҳад шуд. Мо аз ифтитоҳи Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ниҳоят хушҳол ҳастем ва умедворем, ки ба зудӣ Сафоратхонаи Давлати Кувайт дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри зебои Душанбе ифтитоҳ хоҳад шуд.
Ҷаноби Марзуқ Алӣ ал-Ғоним мавҷуд будани гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ бо парлумонҳои дигар дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро намунаи неки барқарорӣ ва тақвияти равобити дӯстона байни парлумонҳои кишварҳои дӯст арзёбӣ намуд.
Ҷаноби Марзуқ Алӣ ал-Ғоним зимни пазироии самимӣ иброз дошт, ки ташрифи ҳайати парлумонии Тоҷикистонро таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Шукурҷон Зуҳуров қадами муҳиме дар рушди равобити гуногунсоҳаи ду кишвар арзёбӣ менамояд.
Мавсуф бори дигар интихоб шудани Шукурҷон Зуҳуровро ба раёсати олии Маҷлиси намояндагон дар соли 2015 табрик намуда, изҳори умедворӣ кард, ки сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт ба густариши ҳамкории байнипарлумонии ду кишвари дӯст ва ҳамдин заминаи устувор хоҳад гузошт.
Марзуқ Алӣ ал-Ғоним изҳор дошт, ки сарфи назар аз ҷавон буданаш Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳамчун парлумони муваффақ дар арсаи байналмилалӣ аз эътибор ва обрӯву нуфуз бархурдор аст ва мо ба роҳ мондани таҷрибаи парлумонҳои ду кишварро дар заминаи таҳия ва қаблуи қонунҳо ба манфиати ҳарду ҷониб медонем.
Раиси парлумони Кувайт ба пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон розӣ будани худро баён дошт ва таъкид намуд, ки ҳамаи созишнома ва тавофуқоте, ки аз тарафи сарони ду кишвар ва роҳбарони вазорату идораҳои гуногуни ҷумҳуриҳои мо ба имзо расидаанд, дар кӯтоҳтарин муддат мавриди амал қарор мегиранд.
Дар интиҳои мулоқоти дуҷониба Созишномаи ҳусни тафоҳум миёни Маҷлиси миллии Кувайт ва Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Созишномаи мазкур, ки аз тарафи раисони парлумонҳои ҳарду кишвар Шукурҷон Зуҳуров ва Марзуқ Алӣ ал-Ғоним
ба имзо расид, аз ҳашт модда иборат мебошад.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво