8 декабр 2021, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

122
Ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 октябри соли 2021 таҳти раёсати Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси васеи Ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлиси ҳайати мушовара сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода Исоҷон Ятим, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон муҳтарам Fанизода Ҷамшед, директори Институти геология, сейсмология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аминзода Пулод, раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, Юсупов Баҳром, роҳбарони ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ, пудратчиён, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Кумита, роҳбарон ва кормандони масъули зерташкилоту муассисаҳо, сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва дигарон ширкат намуданд.Ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар семоҳаи сеюми соли равон бо фармоиши Раиси Кумита мудири бахши кадрҳои дастгоҳи марказии Кумита Зарифзода Почохон, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Манзили сохтмончиён»-и Кумита Бобохонов Мизробхон таъин карда шуданд. Ҳамчунин дар ин давра сармеъморони 2 шаҳру ноҳия дар мувофиқа бо Кумита ба вазифа таъин гардиданд. Ин ҳам бошад: шаҳри Гулистон Мирбобозода Алишер, ноҳияи Деваштич Аҳадов Манучеҳр.
Раиси Кумита ҳамаи ба вазифаҳо таъин намударо табрик намуда, барори кору муваффақият хостанд.
Ҳамчунин Зувайдзода М.М. ба маълумоти аҳли толор расонданд, ки бо пешниҳоди аъзоёни Ассотсиатсияи байналмилалии Иттифоқҳои меъморон (МАСА), Раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон Юсупов Баҳром Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии Иттифоқҳои меъморон (МАСА) таъин гардиданд ва ӯро ба муносибати таъин шудан ба ин вазифа табрик гуфта, барори кор ва мувафақиятҳо орзу намуданд.
Ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар рӯзномаи маҷлиси васеи ҳайати мушовара се масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт:
1. Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2021 ва вазифаҳо барои ҷамъбасти соли ҷорӣ.
2. Дар бораи ҳолати омодагии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022.
3. Дар бораи таҳлилу баррасии фаъолияти ҶСК “Шаҳрофар”, КВД “Лоиҳакаш” ва Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Оид ба баррасии масъалаи якуми рӯзнома қайд гардид, ки тибқи ҳисоботҳои пешниҳодгардида натиҷаи фаъолияти раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Кумита, зерташкилоту муассисаҳо, сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар давраи ҳисоботӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд ва барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар қарори ҳайати мушовара вазифагузорӣ карда шуданд.

Муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Улуғбек аз натиҷаи фаъолияти Кумита дар нуҳ моҳи соли 2021 маълумот дод.
Сипас иҷрокунандаи вазифаи сардори Хадамоти иҷозатномадиҳӣ Сафарзода Ш.М., муовини сардори Раёсати экспертизаи давлатӣ Олимзода С., директори КВД «Маркази нархгузорӣ» Ниёззода А., директори КВД ПИТ «Сохтмон ва меъморӣ» Саломов М.М., директори ҶСК «Саноатсоз» (Мализода Б.Ҳ.), директори КВД «Лоиҳакаш» (Шарифзода Д.Ш.), директори ҶСК «Шаҳрофар» (Шамсидинов Т.С.) ҳисобот доданд.
Муовини Раиси Кумита Каримзода Абдураҳмон дар маърӯзаи худ оид ба масъалаи дуюми рӯзнома дар бораи ҳолати омодагии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 ҳисобот дод. Қайд гардид, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавсими зимистонгузаронӣ пурра омода аст. Оид ба масъалаи мазкур лоиҳаи қарор дар анҷоми ҷаласа пешниҳод ва қабул гардид.Ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид баррасии масъалаи сеюми рӯзнома дар бораи таҳлилу баррасии фаъолияти ҶСК “Шаҳрофар”, КВД “Лоиҳакаш” ва Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи муовини Раиси Кумита Файзуллозода Нусратулло шунида шуд.
Сипас, сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода Исоҷон Ятим ба сухан баромада, андешаҳои худро оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи Кумита иброз намуда, барои боз ҳам равнақ додани фаъолият ва ноил шудан ба муваффаққиятҳои бештар дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон иброз намуданд.
Баъд аз баррасии масъалаҳои ба миён гузошта шуда, аз ҷониби аъзоёни ҳайати мушовара қаророи дахлдор қабул карда шуданд.
Ҳамзамон дар ҷаласа мутахассисони соҳаи меъморӣ ва сохтмонро, ки бо фаъолияти пурмаҳсулу самаранок дар густариш ва рушди соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон саҳми босазо гузоштаанд, ба муносибати ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ бо нишони сарисинагии «Меъмори фахрии Тоҷикистон», нишони сарисинагии «Бинокори фахрии Тоҷикистон» ва бо Сипосномаи Кумитаи меъмрӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

“РБ”







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво