19 май 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кумитаи меъморӣ ва сохтмон фаъолияти яксолаашро ҷамъбаст намуд

356
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон фаъолияти яксолаашро ҷамъбаст намуд Дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси васеи ҳайати мушовара доир гардид.
Дар маҷлиси ҳайати мушовара Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо муҳтарам Муқимзода Наим, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ, сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарон ва кормандони масъули зерташкилоту муассисаҳо ва дастгоҳи марказии Кумита иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи маҷлиси васеи ҳайати мушовара ду масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин ҳам бошад:
1. Ахбороти сардори Раёсати корҳо Наврӯзов Лутфулло оид ба иҷрои қарорҳои ҳайати мушовара аз 11 октябри соли 2019.
2. Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон фаъолияти яксолаашро ҷамъбаст намуд Сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ Табарзода Р.Ҳ. сардори Хадамоти иҷозатномадиҳӣ Файзуллозода Н.Қ., сардори Раёсати экспертизаи давлатӣ Саъдуллозода С.Ф., директори ҶСК «Шаҳрофар» Ишанов Б.М., директори ҶСК «Саноатсоз» Мализода Б.Ҳ., директори ҶСК «Корезлоиҳа» Худойдодзода Н.Х., директори КВД ПИТ «Сохтмон ва меъморӣ» Умаров У.Х., директори КВД «Маркази нархгузорӣ» Каримзода А.Р., директори КВД «Лоиҳакаш» Шарифзода Д.Ш. ва директори МД «Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ» Сафарзода А.А. дар назди ҳозирин ҳисобот доданд.
Барои ҷамъбаст намудани кору фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва гузоштани вазифаҳо барои соли ҷорӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол суханронӣ намуд.
Қабл аз хондани қарори ҷамъбастӣ Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо муҳтарам Муқимзода Наим суханронӣ намуда, оид ба фаъолияти минбаъдаи Кумита таклифу пешниҳодҳо намуд.
Сипас, мутахассисони соҳаи меъморӣ ва сохтмонро, ки бо фаъолияти пурмаҳсулу самаранок дар густариш ва рушди соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон саҳми босазо гузоштаанд, қадрдонӣ намуданд.Кумитаи меъморӣ ва сохтмон фаъолияти яксолаашро ҷамъбаст намуд
Дар анҷоми кори ҷласаи ҳайати мушовара Раиси Кумита изҳори боварӣ намуд, ки сохтмончиёну меъморони ҷумҳурӣ дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳамчун барномаи амал қарор дода, фаъолияти мақсадноки худро дар пешрафти ҷанбаҳои гуногуни ҷомеа аз рӯи чорабиниҳои тасдиқгардида равона менамоянд ва бо дарки масъулият ба ояндаи кишвар фаъолият бурда, дастуру супоришҳоро дар амал татбиқ намуда, барои иҷрои вазифаҳои дар Паём гузошташуда кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон фаъолияти яксолаашро ҷамъбаст намуд
Зеро ҳар як корманди соҳа бояд дар ҳамаи корҳои ободониву созандагӣ пешсаф, ташаббускор ва намунаи ибрат бошад.
Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд намуданд:
-"Мо ҳамаи иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем, рушди устувору босуботи кишвари азизамонро таъмин созем ва рӯзгори ҳар як хонадони Тоҷикистонро аз имрӯза беҳтар гардонем".

“РБ”




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво