20 август 2019, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Кори имрўзаро ба фардо магузор!

844
Рӯзи 14-уми октябр дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара доир гардид. Дар ҷаласа Раиси кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Аҳмадзода Ҷ.Ҷ., роҳбарони зерташкилотҳои Кумита, мудирони бахши меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, меъморон, лоиҳакашон ва кормандони Кумита иштирок намуданд. Дар ҷаласа фаъолияти нӯҳ моҳи соли 2016 баррасӣ гардида, барои фаъолияти минбаъдаи вазифаҳо гузошта шуданд.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳарф зада, оиди камбудиҳои ҷойдошта ва мунтазам такроршавандаро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод. Ў роҳбарон, сохтмончиён, меъморон ва бинокоронро ҳушдор намуд, ки супоришҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар ва Кумитаро сари вақт иҷро намуда, аз натиҷаи он дар муддати муайянгардида ахборот пешниҳод намоянд. Мудирони бахши меъморӣ ва шаҳрсзозии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки аз доираи меъёри қоидаҳои сохтмонӣ нагузашта, худсарона ба сокинон барои сохтмон иҷозат надиҳанд.
Роҳбарони зерташкилотҳои Кумита-Таваров Р.Ҳ., Султонзода М.С., Умаров У.Х., Худойдодзода Н., Ишанов Б., Мализода Б., Табарова Д., Файзалиева Р. оид ба фаъолияти нӯҳмоҳаи корхонаҳояшон ҳисоботи муфассал пешниҳод намуданд.
Ишанов Б.М.,-иҷрокунандаи директори ҶСК «Шаҳрофар» ва Мализода Б-директори ҶСК «Саноатсоз» вазифадор шуданд, ки то охири соли ҷорӣ камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, аз натиҷаи он ба Кумита ҳисобот пешниҳод намоянд.
Қисмати чоруми рӯзномаи маҷлис масъалаи обунашавӣ ба «Рӯзномаи бинокорон» ва маҷалаи «Меъморӣ» буд. Пас аз қироати ҳисоботи сардабири «Рӯзномаи бинокорон» Д.Табарова ва маҷалаи «Меъморӣ» Р.Файзалиева Раиси Кумита мудирони бахши меъморӣ ва шаҳрсозии вилоят ва шаҳру навоҳӣ, инчунин ташкилотҳои алоҳидаи сохтмониро вазифадор намуд, ки аз маъракаи обунашавӣ ба рӯзномаю маҷала дар канор набошанд ва аз навгониҳои соҳаи сохтмон тавассути рӯзнома,сомона ва маҷалла сари вақт огоҳӣ пайдо кунанд.
Мухбири «РБ»







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво