19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар се моҳаи аввал

572
Ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар се моҳаи аввалДар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси васеи ҳайати мушовара баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҳайати мушовара сармутахассиси Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Раҳмоналӣ, ректори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон муҳтарам Fанизода Ҷамшед, раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон муҳтарам Юсупов Баҳром, роҳбарони ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Кумита, роҳбарон ва кормандони масъули зерташкилоту муассисаҳо, сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд нахуст ба ҳозирин иттилоъ дод, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз феврали соли 2021 Умарзода Улуғбек Хуҷа муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзуллозода Нусратулло Қудратулло ва Каримзода Абдураҳмон Раҳим муовинони Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Фармоишҳои Раиси Кумита Бурҳонов Хуршед сардори раёсати шаҳрсозӣ, Зарифзода Абдуқодир сардори раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон, Шарифов Ҳотамшо сардори раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ, Ниёззода Азизбек директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон», Саломов Муродбек директори Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ» таъин карда шуданд.

Ҳамчунин дар давоми семоҳаи якуми соли равон сармеъморони 5 шаҳру ноҳия дар мувофиқа бо Кумита ба вазифа таъин гардиданд. Ин ҳам бошад: ноҳияи Ёвон Муқумов Отабек, шаҳри Кӯлоб Аҳмадзода Қурбони Маҳмудҷон, шаҳри Норак Ҳамидов Шамшодҷон, шаҳри Истаравшан Нортоҷев Шавкат ва ноҳияи Файзобод Кенҷаев Акбар.

Дар рӯзномаи маҷлиси васеи ҳайати мушовара ду масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт:
1. Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои давоми соли ҷорӣ.
2. Дар бораи омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои ба нақша гирифта шуда бахшида ба “Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ” дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

Барои ҷамъбаст намудани кору фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021 ва гузоштани вазифаҳо барои идомаи соли ҷорӣ маърӯзаи ҷамъбастии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадсаид Зувайдзода шунида шуд.

Сипас, сардорони зерсохторҳои Кумита оид ба фаъолияти семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳисобот доданд.

Масъалаи дуюми рӯзнома ба омодагӣ барои баргузории чорабиниҳои ба нақша гирифта шуда, ба “Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ” дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида шуд. Доир ба масъалаи мазкур гузориши муовини якуми Раиси Кумита Умарзода Улуғбек шунида шуд.

Сармутахассиси Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Раҳмоналӣ ба сухан баромада, фикру пешниҳодҳои худро оид ба ду масъалаи матраҳ гардида баён намуд.

Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи ҳайати Мушовара қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро ба масъулин ирсол карда мешаванд.

«РБ»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво