Панҷакент: Соҳибкор Фаридун Мукамбилов роҳи дохилишаҳрии кӯчаи Убайди Зокониро ба таври замонавӣ мумфарш мекунад
195
Ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолии шаҳри Панҷакент дар шоҳроҳ ва роҳҳои дохилишаҳрӣ корҳои таъмиру таҷдид ва ободонӣ ҷараён доранд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.
Бо ин мақсад тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва ҷалби соҳибкорон корҳои навсозӣ ва бунёдкорӣ ба роҳ монда шуда, дар ин раванд аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фаридун Мукамбилов ва аҳли пайвандонаш роҳи дохилишаҳрии кӯчаи Убайди Зоконии шаҳри Панҷакент дар масоҳати 0,6 км бо паҳноии 5 метр ба таври замонавӣ мумфарш карда мешавад. Чунин иқдом бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва ҷалби соҳибкорону шахсони саховатманд ҳамарӯза идома дода мешавад. АКС аз МИҲД-и вилояти Суғд
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |