18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Туҳфаи арзишманди Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон» ба сокинони Панҷакент тақдим мегардад

449
Бо иштироки шахсони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар шаҳру деҳоти Панҷакент туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — китоби «Тоҷикон» ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар як оила дастрас гардида истодааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дирӯз Раиси шаҳр Холиқзода Абдухолиқ дар ҷараёни дастраскунии туҳфаи Пешвои муаззами миллат — китоби «Тоҷикон» иштирок намуда, баҳри ба ҳар як оила дастрас намудани он ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон» чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво