18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Панҷакент 340 иншоот мавриди истифода қарор гирифт

246
Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Панҷакент 340 иншоот мавриди истифода қарор гирифт
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода аз ҷараёни корҳои сохтмонии якчанд иншооти бунёдшаванда ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, аз ҷумла бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 ва биноҳои истиқоматӣ дидан намуд.

Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, ҳоло бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-и шаҳри Панҷакент бо маблағгузории Корхонаи муштараки «Зарафшон» аз тарафи пудратчӣ ҶДММ КСМ-278 оғоз гардид, ки он дар оғози соли хониши 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад. Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 иборат аз 3 ошёна, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, инчунин таҷҳизоту шароити мусоиди таълиму тарбия барои 804 нафар хонандагон дар ду баст бунёд мегардад.

Бунёди бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҷ. Румӣ ва бинои истиқоматии иборат аз 72 ҳуҷра, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ низ бо маром идома дорад. Корҳои сохтмонии биноҳои истиқоматӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бо тарҳу намуди замонавӣ ҷараён доранд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр зимни боздид ҷиҳати ҷавобгӯ ба меъёру талаботи сохтмонӣ ба истифода додани иншооти бунёдшаванда ба масъулин дастур дод.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво