Дар шаҳри Панҷакент корҳои барқарорсозии иншооти хоҷагии халқ, ки аз селобҳои рӯзҳои 9, 10 ва 11 май хисороти зиёд дида буданд, дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудаанд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, оилаҳои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Дашти Қозӣ, Шӯрча ва дигар деҳоти Панҷакент ба мавзеъҳои бехавф кӯчонида шуда, бо хӯрокӣ ва маводи аввалияи рӯзгор таъмин карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба оилаҳои зарардида қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо гардид. Мутахасисони Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд тибқи дастури раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳри Панҷакент сафарбар шудаанд. Алҳол мутахассисон дар ҷои воқеъа қарор дошта, корҳои лоиҳакашии манзилҳои истиқоматиро барои оилаҳои зарардида оғоз намуданд.