26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ҷамоати деҳоти «Сомон»-и Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд

280
Дар Ҷамоати деҳоти «Сомон»-и Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд
Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода якчанд иншооти ҷашнӣ ба истифода супорида шуданд.

Аз ҷумла, дар деҳаи Шӯроби Искандари Ҷамоати деҳоти Сомон маркази савдо ва хизматрасонӣ, ки соҳибкор Фаридун Раҳматов аз ҳисоби заминхои наздиҳавлигиаш дар масоҳати беш аз 100 метри мураббаъ бунёд намудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншооти мазкур аз мағозаи хӯрокворӣ ва ашёи рӯзгор, дӯкони гӯштфурӯшӣ ва дорухона иборат буда, нархи гӯшти ин дӯкон, ки аз ҳисоби чорвои дар хона парваришнамудаи соҳибкор ба фурӯш бароварда шудааст, нисбат ба нархи бозор арзонтар мебошад. Дар маркази савдою хизматрасонӣ 3 нафар аҳли оила бо кори доимӣ таъмин гардида, ба сокинони деҳа, ки барои харидорӣ намудани чунин маҳсулот 14 километр роҳро тай намуда, ба маркази шаҳр мерафтанд, сабукӣ овард.
Дар Ҷамоати деҳоти «Сомон»-и Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд
Инчунин соҳибкор Билол Олимзода дар деҳаи Ғайратободи Ҷамоати деҳоти Сомон заминеро, ки бо сабаби дар ҷарӣ воқеъ будан солҳои сол бекору бемаҳсул мехобид, ҳамвор карда, дар он иншооти калони савдою хизматрасонии дуошёна бунёд намуд. Дар иншоот нонвойхона, нуқтаи шустушӯйи нақлиёт, мағозаҳои фурӯши орд, масолеҳи рӯзгор, атриёт, хӯрокворӣ, дӯкони гӯштфурӯшӣ, хӯрокҳои тезтайёр, дорухона ҷойгир карда шуда, 11 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Бо назардошти он ки иншоот дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Турсунзода қарор дорад, аз ҷониби соҳибкор барои меҳмонону сайёҳоне, ки аз ин роҳ мегузаранд, ҷиҳати харид ва наҳорӣ кардан имконияти хуб фароҳам оварда шудааст. Дар ошёнаи дуюми бино соҳибкор нақша дорад барои омӯхтани фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ, инчунин омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо ҷалби мутахассисон барои фарзандони деҳа шароити мувофиқ фароҳам созад.



Дар деҳаи Дучинораи ҷамоати мазкур муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода дар ифтитоҳи толори маҷлисгоҳ ва утоқи корӣ барои раиси маҳалла, ҳамчунин сартарошхона ва нонвойхона, ки аз ҳисоби аҳолӣ бо дастгирии ҷавонмардони саховатпешаи деҳа бунёд ёфтааст, иштирок намуданд. Меҳмонон дар толор бо гӯшаҳои фахрӣ, ки бо аксҳои фарзандони шуҳратёри деҳа ва дастовардҳои 30-соли истиқлол оро ёфта буданд, шинос гардида, ба сокинони деҳа барои ободониву бунёдкорӣ, ки аз сарҷамъиву муттаҳидии онҳо бармеояд, арзи сипос намуданд. Аснои шиносоӣ бо корҳои ободонӣ дар деҳаи Дучинора муовини Сарвазир ва Раиси шаҳри Ҳисор бинои иборат аз нонвойхона ва сартарошхонаро, ки сокини деҳа Абдуҳалим Каримов дар замини бекорхобидаи шафати хонаи истиқоматиаш бунёд намудааст, мавриди истифода қарор доданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво