28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ҳисор аз ҷониби бародарон Сатторовҳо иншооти иҷтимоӣ бунёд гардид

353
Бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Хирманаки Ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода иншооти иҷтимоие, ки аз ҷониби соҳибкорон — бародарон Сатторовҳо бо дастгирии сокинони деҳа бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре аз маркази матбуоти раиси шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд, бино аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум маркази хизматрасонии тиббӣ бо ҳуҷраҳои доругузаронӣ, қабул ва муоинаи беморон, инчунин хатнакунии кӯдакон сохта шудааст. Дар ошёнаи дуюми бино маҷлисгоҳ бо 150 ҷои нишаст ва утоқи корӣ барои раиси маҳалла ҷойгир аст. Бино бо тарҳу намуди зебо оро ёфта, маҷлисгоҳ бо фаршҳои гармкунандаи замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар ин марказ 5 нафар духтарон соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Ба истифода додани бинои мазкур мушкилоти сокинони деҳа ва деҳаҳои атрофи онро дар дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ осон намуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои иҷрои чунин иқдоми наҷиб ҷиҳати ободонии маҳал соҳибкор Баҳромҷон Сатторовро бо «Сипоснома» қадршиносӣ намуд. Зикр шуд, ки аз ҷониби ин оила соли равон як пули мошингузар бо харҷи беш аз чор миллион сомонӣ низ мавриди истифода қарор ёфта буд.

Барои саҳм гузоштан дар сабзу хуррам намудани муҳити атроф ва тоза нигоҳ доштани манзилу макони зист аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Ҳисор ва дигар масъулин дар соҳили дарёи Чангоб маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво