28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи Ҳисор майдончаи варзишӣ, маркази хизматрасонӣ ва китобхона ба истифода дода шуданд

625
Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи Ҳисор майдончаи варзишӣ, маркази хизматрасонӣ ва китобхона ба истифода дода шуданд
Ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба фаъолияти як зумра иншооти ҷашнӣ оғози расмӣ бахшида шуд.

Аз ҷумла, дар маркази деҳаи Кишоварзи ҷамоати номбурда майдончаи варзишӣ бунёд ва бо иштироки шахсони муътабари деҳа дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар деҳаи Баракат бо ташаббуси соҳибкорон ва аҳолии деҳа бинои дуқабатаи хизматрасониро, ки дар ошёнаи якуми он китобхона бо теъдоди беш аз 4200 нусха, сартарошхона, маркази ҳунаромӯзии бонувон ва утоқи корӣ барои раиси маҳалла ҷойгир шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҳайати корӣ ҳамчунин ба минтақаи сохтмони 16 синфхонаҳои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 57 омада, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ шинос гардид. Соҳибкорон ва сокинони деҳа азм доранд синфхонаҳоро дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба истифода диҳанд.

Инчунин дар деҳаҳои Равшандилон, Чаманзор ва Меҳробод бо иштироки фаъолони ҷамоат ва деҳаҳо мағозаҳои хӯрокворӣ ва ашёи мавриди ниёзи рӯзгор мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони ҳимматбаланд ва сокинони сарбаланди он бунёди 50 иншоотро ба нақша гирифтаанд, ки то имрӯз 35 ададаш мавриди истифода қарор дода шудааст. Масъулин ният доранд, ки то баргузории ҷашни миллӣ илова ба нақшаи боқимонда боз якчанд иншооти иловагии таъйиноташон гуногунро мавриди истифода қарор дода, даҳҳо нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин созанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво