29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ҳисор се иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд

223
Дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода се иншооти ҷашнӣ- бунгоҳи тиббӣ, толори варзишӣ ва ҳавзи варзишии замонавии болопӯшида дар маросими ботантана ба истифода дода шуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии сокинон мусоидат менамоянд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бунгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи навбунёди Ганҷрези шаҳраки Шарора аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳусейн Абдураҳмонов бунёд гардидааст. Муовини Сарвазир ва Раиси шаҳр зимни боздид аз иншоот ба сифати кори сохтмончиён баҳои баланд дода, ташаббуси соҳибкор Ҳусейн Абдураҳмоновро ҷавонмардонаю хайрхоҳона унвон карданд. Барои ин иқдоми наҷиб соҳибкор бо Сипосномаи Раиси шаҳр сарфароз гардид.

Бунгоҳи тиббӣ аз ҳуҷра барои қабули беморон, эмгузаронӣ, доругузаронӣ ва момодоягӣ иборат буда, қаблан сокинони маҳалла барои ташхису табобат ва истифода аз ин намуд хизматрасониҳои тиббӣ 10-15 километр масофаро тай намуда, ба маркази ҷамоат ва ё шаҳр муроҷиат менамуданд.

Дар идомаи сафар муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода дар деҳаи Ҳамдилони Ҷамоати деҳоти Навобод толори варзишӣ барои футболи хурд ва ҳавзи шиноварии замонавии болопӯшидаи иборат аз ҳуҷраҳо барои буғи хушк ва дигар хизматрасониҳоро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот аз ҷониби соҳибкор Олим Ёров ба маблағи беш аз ним миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он 7 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён зимни супоридани Сипосномаи раиси шаҳр ба соҳибкор ба волидайнаш, ки дар маросими ифтитоҳи бино иштирок доштанд, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво