26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Роҳи кӯчаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд мумфарш мегардад

219
Дар раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфаршкунии роҳи асосии кӯчаи Пахтакори маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонови шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расман оғоз гардид.

Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, ки дар оғози корҳои мумфаршкунии роҳ Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод, ки бо дастур ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят бунёди садҳо адад иншооти таъйиноташон гуногун бомаром идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳи кӯчаи Фирдавсӣ, ки аз буриши кӯчаи Камоли Хуҷандӣ то сарҳади ҷанубии шаҳри Хуҷанд мерасад, беш аз 1, 2 километр буда, паҳноиаш 10 метр мебошад. Ҳаҷми умумии корҳо беш 12 000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Фармоишгар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буда, пудратчии корҳо Идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд аст.

Раиси Шӯрои бонувони маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов Хайринисо Темирова ва дигар сокинон иқдоми созандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро гарм истиқбол намуда, таъкид доштанд, ки дар ҳамбастагӣ диёри худро то ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу зебо менамоем.

Кӯчаи Пахтакори маҳаллаи Қорираҳмат Қурбоновии шаҳри Хуҷанд яке аз кӯчаҳои асосии маҳаллаи Пахтакор буда, дар шафати он сокинони зиёд дар хонаҳои баландошёна ва ҳавлиҳо то марзи маъмурии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ менамоянд. Дар ин кӯча муассисаҳои соҳаи маориф, идораҳои давлатӣ, марказҳои савдо мавҷуд буда, дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон он бори аввал мумфарш карда мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво