25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Хуҷанд дар доираи корҳои ободонӣ 140 бех ниҳоли нодири магнолия шинонида шуд

203
Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, инчунин соҳибкорону сокинони маҳаллаи Сирдарё дар хиёбони Раҳим Ҷалили шаҳр ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид. Зимни он дар шоҳроҳи хиёбони мазкур беш аз 140 бех ниҳолҳои 6-метраи нодири навъи магнолия шинонида шуданд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти масъулини хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, дар вилояти Суғд ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1300 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардидааст, ки дар доираи он корҳои ободонӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани маҳалҳо бомаром идома дорад. Сокинони касбу кори гуногун дар корҳои бунёдкорӣ якдилона иштирок доранд. Хосатан, вусъати ин маъракаи муҳим дар маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд бештар ба назар мерасад.

Дар ояндаи наздик хиёбони Раҳим Ҷалили маркази вилоят бо назардошти талаботи замони муосир ба яке аз гулгаштҳои намунавӣ дар шаҳр мубаддал гардида, марҳила ба марҳила ба ҳусни тамоми хиёбонҳои шаҳр бо чунин усул шукӯҳ бахшида мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво