26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Гулистон беш аз 12 километр роҳҳои дохилии мошингард мумфарш гардиданд

276

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон то ба имрӯз беш аз 12 километр роҳҳои дохилии мошингард мумфарш гардида, беш аз 34 километр шоҳроҳи Хуҷанд-Адрасмон аз таъмир бароварда шуд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон корҳои созандагию бунёдкорӣ рӯз то рӯз густариш ёфта,​ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии​ шаҳр, соҳибкорони маҳаллӣ ва саховатмандон​ ​ роҳҳои дохилии шаҳрак марҳила ба марҳила таъмири асосиву мумфарш гардида истодаанд.

Сокинони шаҳри Гулистон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлати саҳм гузошта, тариқи ҳашар роҳҳоро мумфарш карда истодаанд. Бо ташаббуси сокинон роҳи яке аз маҳаллаҳои калонтарин ва навбунёди шаҳраки Адрасмон – маҳаллаи Боғот ба тариқи ҳашар​ дар масофаи беш аз як километр мумфарш карда шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво