17 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Иқдоми профессор Ғафурҷон Ҷӯраев намунаи ибрат аст

432
Иқдоми профессор Ғафурҷон Ҷӯраев намунаи ибрат аст
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор, дорандаи ҷоизаи Камоли Хуҷандӣ, раиси бахши суғдии Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷӯраев иқдоми наҷибе роҳандозӣ гардид.
Мавсуф ташаббус нишон дода, роҳи кӯчаи Муллоҳоҷӣ Ҷӯраевро, ки худ дар ин кӯча истиқомат дорад, ба масофаи 300 метр ё дар ҳаҷми 1500 метри мураббаъ аз ҳисоби маблағҳои пасандозаш мумфарш намуд. Ғ.Ҷӯраев ин амалашро саҳмгузорӣ дар шукуфоии Ватан маънидод намуд.
Аз ин кори хайри Ғ.Ҷӯраев роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд истиқболи гарм намуда, бо сафарбарнамоии техникаву таҷҳизот ва кормандони Идораи роҳсозии шаҳр баҳри сифатан иҷро намудани корҳо мусоидат намуд.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯзҳо дар маркази вилояти Суғд -шаҳри Хуҷанд дар доираи барномаи вилоятии 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба ифтихори ҷашни таърихии Тоҷикистон, бо мақсади ҳиссагузорӣ намудан дар корҳои ободиву созандагӣ, аз ҷумла, ободу навсозӣ ё мумфаршнамудани маҳаллаи зист ва мавзеъи назди муассисаву коргоҳҳо бо иштироки васеъи сокинон, саховатмандон, соҳибкорон ва ҷомеаи меҳнатии муассисаву ташкилотхо тариқи дастҷамъона ба анҷом расонидани чунин амалҳои хайр ба ҳукми анъана даромадааст.
Бояд хотирасон кард, ки чанде пеш кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд зиёда аз 60 метр роҳи кӯчаи Сангинбой Полвоновро, ки аз назди муасисаи мазкур мегузарад, ба маблағи беш аз 23 ҳазор сомонӣ мумфарш намуданд.
Дар ин робита, метавон аз чунин амалҳои хайрхоҳона мисолҳои зиёд овард. Бояд илова намуд, ки тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд соли 2019 дар ҳудуди шаҳр таъмири 35,8 км роҳҳои мошингард ва дохилии шаҳраку маҳаллаҳо пешбинӣ гардидааст, ки дар амалинамоии он ҳиссаи сокинон низ назаррас мебошад.
То имрӯз мумфаршкунии беш аз 10 кӯчаи маркази шаҳр- кӯчаҳои П.Чайковский-и маҳаллаи 1 – Май, Фирдавсӣ, Мақсудҷон Танбурӣ, Ҳаким Карим, академикон Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо, Саиднофеъ Саидвалиеви маҳаллаи Чашмаи Арзана, Озодии маҳаллаи Чорчароғ, дар умум ба масоҳати беш аз 12 км ба анҷом расонида шудаанд, ки дар ҳамдастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми сокинони маҳалла, шахсони саховатманду соҳибкорон сурат гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки ба муносибати ҷашни пуршукӯҳи Тоҷикистон -30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд бунёд, таъмиру навсозии 510 иншоот ба нақша гирифта шуда, соли 2018 — 69 иншоот ва дар панҷ моҳи соли равон беш аз 128, дар умум 197 иншоот ба маблағи 417 миллиону 223 ҳазор сомонӣ бо таъсиси зиёда аз 900 ҷойи корӣ ба истифода дода шудаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво