26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кумакҳои Пешвои миллат ба Назар Одинаев ва Достӣ Умедов — иштирокчиёни ҶДҶ дар ноҳияи Сангвор дастрас гардиданд

202
Дар ноҳияи Сангвор ҳамагӣ ду нафар иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ — Назар Одинаев ва Достӣ Умедов боқӣ мондаанд, ки дар деҳаҳои Лангар ва Пашори ноҳия дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронанд.

Дар арафаи таҷлили 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба намояндаи Ҳукумати мамлакат, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода ба ноҳияи Сангвор сафар карда, ҳамроҳ бо раиси ноҳия Маҳмадшоҳ Давлатзода ба аёдати ин пирони барнодил рафтанд.

Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳвол ва зиндагии онҳо аз наздик шинос шуда, салому паём ва туҳфаҳои Сарвари давлатро ба онҳо расониданд.

Зикр шуд, ки ба қадри хизмату ҷонбозиҳои ин мардони шариф, ки баҳри ҳимояи Ватан дар он набарди таърихӣ бар зидди душмани қаттол сина сипар намуданд, бояд расид, зеро шумораашон сол ба сол кам мешавад.

Пирони барнодил аз ғамхорию дастгириҳои Сарвари давлат пайваста бархурдор буда, аз ин кумаки навбатӣ бениҳоят хушҳол шуданд ва дар ҳаққи Пешвои миллат дуои нек намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво