-Бахшида ба ҷашни Наврӯзи аҷам дар ноҳияи Сангвор байни дастаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мусобиқаҳои варзишӣ ба роҳ монда шуданд, ки ғолибонро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор дар рӯзи таҷлили иди Наврӯз бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карданд.
Ҳамчунин бо супориши раиси ноҳия Ҳиммати Ғайрат кормандони ҳукумати ноҳия ва саховатмандон дар рӯзхои наврӯзӣ ба аёдати ниёзмандон, ятимон, иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, собиқадорони меҳнат ва маъюбон рафта, ба онҳо кумакҳои моддию пулӣ расониданд.