Субҳи имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо иштироки раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони шаҳр ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардид. Раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода сокинони шаҳрро бо Наврӯзи байналмилалӣ табрик карда, барояшон хушбахтии зиндагиро таманно намуд. Ӯ гуфт, ки ба пешвози Наврӯзи Аҷам 17 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ба истифода дода шуд ва онҳо ният доранд то ҷашни 25-солагии Истиқлолият варзишгоҳи навро, ки сохтмонаш идома дорад, ба истифода диҳанд.
Раиси шаҳр минатдории хешро барои иштироки сокинони шаҳр дар маъракаҳои сиёсию фарҳангӣ, ҳифзи оромии ҷомеа ва муқаддас доштани обу хоки ватан баён дошт.
Ҳамчунин дар ҷашни Наврӯз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, омӯзишгоҳҳои шаҳр, раёсати кишоварзӣ ва ҷамъияти матлуботу шуъбаи маорифи шаҳр дастовардҳо, хӯрокҳои миллӣ ва санъати гузаштагонро ба намоиш гузоштанд.
Санъаткорони шуъбаи фарҳанги шаҳр бо барномаи идона хотири иштирокдоронро шод гардониданд.