20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ёвон кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба бобои Хуҷа Дарвешови 96-сола расониданд

166
Дар арафаи 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (солҳои 1941-1945) намояндагони Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба манзили бобои Хуҷа Дарвешов, сокини 96-солаи деҳаи Озодии Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон омада, паёму кумаки молиявии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ин шахси шуҷоъ ва ҳомии Ватан расониданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 аз ноҳияи Ёвон қариб 2500 нафар иштирок карда, беш аз 1500 нафари онҳо дар роҳи мубориза ҳалок шудаанд. Аз шумораи он 1000 нафаре, ки аз ҷабҳаҳои ҷанг сиҳату саломат ба назди волидон ва наздиконашон баргашта буданд, имрӯз ҳамагӣ як нафари онҳо дар қайди ҳаёт аст, ки бобои Хуҷа Дарвешови 96- сола аз деҳаи Озодии Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳия мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво