26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Сангвор бо либосҳои зимистона таъмин гаштанд

296
Дар арафаи Соли нави мелодӣ ба Мактаб — интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Сангвор кумак расонида шуд. Ба тарбиятгирандагони он либосҳои гарм ва пойафзолҳои зимистона, ҳамчунин маводи ғизоӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд. Ҳамчунин барои хонандагони мактаб-интернат дастархони идона ороста шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин кумак ба мактаб-интернат аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоб, Вазорати маориф ва илм расонида шуд.

Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода тарбиятгирандагони мактаб-интернатро аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Соли нави мелодӣ табрик намуда, зикр кард, ки ятимону бепарасторон ҳамеша таҳти ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дастгирии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат мебошад.

Номбурда ҷавобан ба ғамхориҳои давлату ҳукумат тарбиятгирандагони мактаб-интернатро ба хониши аъло ва аз бар кардани дастовардҳои муосири илму техника ҳидоят намуд.

Бояд гуфт, ки дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Сангвор зиёда аз 160 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Сол аз сол вазъи таъминоти мактаб – интернат беҳтар мегардад. Дар ин муассисаи таълимӣ асосан ятимону бепарасторон, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, ҳамчунин хонандагоне, ки дар ҷойи зисташон мактаб надоранд, фаро гирифта шудаанд. Таълимгоҳ бо хобгоҳҳои алоҳида барои духтарон ва писарон, ҳуҷраву толорҳои ободу зебо ва бо ашёву лавозимоти лозима таъмин мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво