19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Ҳисор кӯмак расонид

243
Дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷкистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор маводи хӯрокворӣ, либос ва маҳсулоти лозимаи таълимию маишӣ, аз ҷумла компютер, принтер, 1 дона мошинаи ҷомашӯйӣ, фурӯзонакҳо ва 1000 дона ниқоби яккаратаи тиббӣ ва туҳфаҳои солинавӣ кумак расонид.

Тавре аз Донишгоҳи миллӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода туҳфаҳоро ба тарбиятгирандагон расонида, онҳоро бо фарорасии Соли нав табрик намуда, таъкид кард, ки хонандагон бояд бо хониши аъло ва рафтори намунавӣ соли навро пешвоз гиранд.

Директори Мактаб-интернат Бибиҳаво Шарофова ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки дар ҷашну маросимҳо пайваста ба ин таълимгоҳи низомаш махсус аз ҷониби Сарвари давлат, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва хусусан муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат кумак расонида мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво