29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Суғд: кумак ба ятимону бепарасторон дар арафаи Иди Соли нав

1222
Дар арафаи Иди Соли нави мелодӣ Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси вилояти Суғд бошандагони мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро аёдат намуд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо кӯдакону наврасон ва кормандони ин муассисаи иҷтимоӣ зикр кард, ки ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат Пешвои миллат аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаи ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторонро аз фазилатҳои неки инсонӣ унвон карданд ва масъулини мақомоти маҳаллӣ, корхонаву ташкилот ва шахсони дороро баҳри анҷоми кори хайру савоб ҳидоят намуданд.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин таъкид кард, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи муассиса роҳбарияти вилоят тадбирҳои судманд меандешанд. Аз ҷумла, баҳри таъмини бинои мактаб-интернат бо низоми ягонаи гармидиҳӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намуда, таъмири хобгоҳ, харидории 100 адад мизу курсӣ ва либосҳои варзиширо ба нақша гирифтааст. Инчунин соли оянда барои тарбиятгирандагон майдони варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ сохта мешавад.
Раиси вилоят ба 106 нафар хонандагони мактаб-интернат туҳфаҳои идона, аз қабили маҷмӯи либосҳои зимистона, чор адад компютер, тӯбҳои варзишӣ, 19 намуди асбобҳои мусиқӣ, ду адад дастгоҳи адрасу атласбофӣ ва ғайра тақдим намуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво